Изҳори назари Маркази исломшиносии Тоҷикистон дар бораи нашри матолиби мураввиҷи ифротгароӣ
(last modified 2019-02-20T05:54:59+00:00 )
Феврал 20, 2019 10:54 Asia/Dushanbe
  • Изҳори назари Маркази исломшиносии Тоҷикистон дар бораи нашри матолиби мураввиҷи ифротгароӣ

Маркази исломшиносии вобаста ба ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасии ҳазору 500 мавриди матолиби мунташиршуда дар ин кишвар танҳо 25 дарсадро тарвиҷи ифротгароӣ ташхис дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи ТОП Тҷ, муовини Маркази исломшиносии вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар соли 2018 идороти амниятӣ ва интизомӣ ва додгоҳҳои ин кишвар беш аз 400 дархостро барои бозбинии ҳазору 500 матлаби мунташиршуда ба ин марказ ирсол карданд, ки танҳо дар 25 дарсади онҳо матолиби тарвиҷгари ифротгароӣ мушоҳида шуд.

Рустам Азизӣ дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе афзуд, танҳо ибрози назарҳои интернетӣ дар мавриди мабоҳисро наметавон заминаи эъломи иттиҳом ва ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳи афрод қарор дод.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон дар мавориде бархе афрод ба ҷурми ибрози назар дар бораи мақолот ва матолиби мухталиф ба иттиҳоми ифротгароӣ ба зиндон маҳкум шудаанд.

Аввали моҳи августи соли 2018 Умар Муродов, сокини 30 солаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба иттиҳоми тавҳин ба раисҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи интернет ба 5 солу шаш моҳ зиндон маҳкум шуд.

Ҳамчунин Фирӯз Абдулазизов, сокини ноҳияи Вахш низ барои ибрози назар дар бораи аксҳои интернетии гурӯҳҳои ифротӣ ба иттиҳоми таблиғи афкори ин созмонҳо ба 6 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҷавони дигаре аз ноҳияи Вахш низ дар пайи эъломи назар дар мавриди суханони Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ ба 9 солу 5 моҳ зиндон маҳкум шудааст.

Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар муътақиданд, ки идороти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон бо сӯиистифода аз қонуни мубориза бо терроризм ҳар хел андешаи мухолиф бо сиёсатҳои ҳукуматро ифротигарӣ арзёбӣ мекунанд ва алайҳи нависандагони ин матолиб парвандаи ҷиноӣ ташкил медиҳанд.

Бар асоси омори ин созмонҳо, аз соли 2015 дар Тоҷикистон наздик ба ҳазору 400 нафар ба иттиҳоми терроризм ва ифротигарӣ муҳокима ва ба зиндон маҳкум шудаанд.