Феврал 20, 2019 11:20 Asia/Dushanbe
  • Иддаои нашрияи амрикоӣ дар бораи посгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон

Як нашрияи муътабари амрикоӣ муддаӣ шуд, ки кишвари Чин дар дохили хоки Тоҷикистон посгоҳи низомӣ дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, нашрияи «Вашингтон пост» ду рӯзи пеш дар вебсайти худ навишт, дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон чанд солест посгоҳи низомии мутааллиқ ба низомиёни Чин фаъол аст, аммо мақомоти ду кишвар ҳеҷгоҳ ба ин мавзуъ эътироф накардаанд.

Як низомии чинӣ ба номи Мо ба хабарнигори «Вашингтон пост» гуфтааст, ки онҳо чанд солест ин ҷо ҳузур доранд.

Мақомоти тоҷик то кунун дар бораи ин мавзуъ вокунише нишон надодаанд.

Баҳси равобити Тоҷикистон ва Чин, бавижа дар мавриди замин ва масоили низомӣ ҳамвора хабарсоз будааст.

 

Барчасп