Феврал 20, 2019 14:30 Asia/Dushanbe
  • Заминларзаи субҳи имрӯз дар маркази Тоҷикистон

Сокинони шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон субҳи имрӯз ларзиши заминро эҳсос карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз Азия плюс, ин заминларза ду бор бо фосилаи 9 дақиқаӣ дар соати 6: 26 дақиқа ва 6: 35 дақиқа рух дод.

Тибқи иттилои Маркази ларзанигории Академияи улуми Тоҷикистон, маркази ин зилзилаҳо дар 19 ва 22 километрии шарқи Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат қарор дошта ва бар асоси ҷадвали Риштер 3 ва 4 дараҷа аст.

То ба ҳол гузорише аз хисороти эҳтимолии ин ҳодисаи табиӣ мунташир нашудааст.

Тоҷикистон аз лиҳози табиӣ ҳодисахез аст ва ҳамасола садҳо маврид аз зилзила, туғёни оби рӯдхонаҳо, рониши замин, сел, резиши тарма ё баҳман ва...дар ин кишвар рух медиҳад, ки боиси кушта ва захмӣ шудани шумори қобили таваҷҷуҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон мешавад.

 

 

Барчасп