Эҳтимоли таҷаммуъ ва ҳузури 3 ҳазор диишӣ дар шимоли Афғонистон
Сафири Русия дар Душанбе бо баёни инки бинобар эъломи бархе манобеъ дар манотиқи шимолии Афғонистон 2500 то 3 ҳазор диишӣ ҳузур дорад, гуфт: Тоҷикистон тавони муқобила бо ҳаргуна таҳдид ва чолиш дар марзҳоро дорад.
Ба гузориши Форс, Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар мавриди таҷаммуи нерӯҳои ДИИШ дар шимоли Афғонистон гуфт: Бо вуҷуди марзбонони тоҷик марзҳо ором аст.
Вай гуфт: Бинобар бархе иттилоот дар манотиқи шимолии Афғонистон 2500 то 3 ҳазор диишӣ ҳузур доранд.
Вай дар идома ҳамсоягӣ бо ин созмонҳоро хатарнок хонда ва афзуд: Барои ҳамин бояд омодаи посухи муносиб ба ҳаргуна чолиш ва таҳдиде буд.
Фролов идома дод: Бахши умдаи ин афрод дар даргириҳои мусаллаҳона дар Сурия ширкат ва акнун ба Афғонистон куч карданд.
Вай афзуд: Аз онҷо, ки вазъият дар Афғонистон бесубот ва қудрати марказӣ дар он вуҷуд надорад, нерӯҳои террористӣ ба ин минтақа куч карданд.
Фролов дар бахши дигаре ба саҳми бузурги пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон ишора карда ва гуфт: Ҳузури ин пойгоҳ барои тақвияти истиқлол ва тамомияти арзии кишвар нақши қобили таваҷҷуҳеро ифо мекунад.