Феврал 21, 2019 11:48 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон: маро камтар таъриф  ва тавсиф кунед

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон 20 феврал дар мулоқот бо намояндагони матбуоти давлатӣ аз ташвиқ ва тавсифи шахси худаш дар клипҳои мусиқӣ изҳори нигаронӣ кард.

Ба нақл аз Дафтар матбуоти раиси ҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио супориш додааст, ки ба ҷои ин талошҳо ва заҳматҳои мардуми меҳнаткаши ҷумҳурӣ, дастовардҳои арзандаи кишвар ва табиати зебо ва нотакрори сарзамини аҷдодӣ васеъ инъикос дода шавад.

Солҳои охир мадҳу ситоиши Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби овозхонҳои тоҷик равнақи беш аз ҳад пайдо кард ва ҳоло тақрибан овозхоне намондааст, ки таронае дар васфи Эмомалӣ Раҳмон нахонда бошад.

Дар ин мулоқот, сардабирони рӯзномаву маҷаллаҳои давлатӣ ва нашрияҳои ҳизби ҳокими халқии демократӣ,намояндагони хадамоти матбуотии вазорату идораҳои давлат иштирок кардаанд.

Манбаъ мегуяд, ҳадафи вохурӣ натиҷагирии фаъолияти матбуотдар ҷомеаи муосир ҳамчун фишанги асосии тарғиби сиёсати давлату ҳукумати кишвар ва баррасии сатҳу сифати барномаҳои телевизиону радиоҳои давлатӣ ва матбуоти даврӣ буд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтаастдар замони муосир ва раванди босуръату зудтағирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои олам, намояндагони васоити ахбори оммаро зарур аст барои ба мардум ба таври фаврӣ расондани руйдоду воқеаҳо фаъол бошанд, бо истифода аз тамоми шароити моддию техникӣ ва неруи зеҳнӣ бо таҳияи барномаҳои ҳадафрас бинанда, хонанда ва шунавандаи худро аз вазъи ҷаҳон, огоҳ созанд .

 

 

 

Барчасп