Аз кор мондани ҳудуди 100 неругоҳ дар Тоҷикистон
Наздик ба сад неругоҳи кӯчак дар Тоҷикистон таътил шудааст.
Ба гузориши Авесто, аз маҷмӯи 286 неругоҳи кӯчак дар Тоҷикистон ҳудуди сад воҳид таътил шуда ва аз кор афтодааст, ки умдаи онҳо бидуни мутолиот ва муҳосиботи илмӣ ва ҷуғрофиёӣ сохта шуда буд.
Камбуди манобеи обӣ дар фасли зимистон ва ихтисоси об ба масрафи бахши кишоварзӣ дар тобистон аз дигар иллатҳои аз кор мондани ин неругоҳҳо аст.
Бо ин вуҷуд ва бар асоси омори расмии соли гузашта неругоҳҳои кӯчаки Тоҷикистон 33.4 миллион киловатт-соат барқ тавлид карданд.
Дар маҷмӯъ низ дар соли 2018 дар Тоҷикистон беш аз 19.7 миллиард киловатт-соат барқ тавлид шудааст.
Қисмате аз кулли неруи барқи Тоҷикистон дар неругоҳи Сангтуда-2 тавлид мешавад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷануби Тоҷикистон сохтааст.