Ихроҷи 10 ронандаи тоҷикистонӣ аз хоки Туркманистон
(last modified Sat, 23 Feb 2019 14:58:16 GMT )
Феврал 23, 2019 19:58 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи 10 ронандаи тоҷикистонӣ аз хоки Туркманистон

Мақомоти Туркманистон теъдоде аз ронандагони мошинҳои борбарии тоҷикистонии мутаваққиф дар истгоҳи Фароби ин кишварро, ҷарима ва сипас ихроҷ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, мақомоти Туркманистон 10 нафар аз ронандагони мошинҳои борбарии Тоҷикистонро, ки дар истгоҳи Фароб дар интизори муҷаввизи убур аз қаламрави ин кишвар буданд, ҷарима ва сипас ихроҷ карданд.

Як ронандаи тоҷикистонӣ гуфтааст, мутобиқи қавонини Туркманистон мо танҳо ҳаққи иқомати 5 рӯз дар қаламрави ин кишварро дорем ва чун ронандагоне, ки дар истгоҳи Фароб мутаваққиф шуданд, муҷаввизи убурро дар ин муддат дарёфт накарданд, мақомоти туркаманӣ ҳар як аз онҳоро 300 доллар ҷарима ва аз қаламрави ин кишвар ихроҷ карданд.

Бо гузашти ҳудуди 3 ҳафта аз таваққуфи дубораи теъдоди зиёде аз мошинҳои борбарӣ ва вагонҳои Тоҷикистон пушти марзҳои Туркманистон, мақомоти тоҷик ҳанӯз аз ҳамтоёни туркамани худ дар мавриди далоили ин рафтори Ашқобод, посухе дарёфт накардаанд.