Пешгирӣ аз воридоти 18 тон чойи ғайристандарт ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i41944-Пешгирӣ_аз_воридоти_18_тон_чойи_ғайристандарт_ба_Тоҷикистон
Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») воридоти 18 тонна чойи пастсифатро ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешгирӣ намуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 24, 2019 06:16 Asia/Dushanbe
  • Пешгирӣ аз воридоти 18 тон чойи ғайристандарт ба Тоҷикистон

Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») воридоти 18 тонна чойи пастсифатро ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешгирӣ намуд.

Ба гузориши АМИТ «Ховар» ба нақл аз «Тоҷикстандарт», дар доираи корҳои сертификаткунонӣ дар раванди гузаронидани ташхиси намунаи чойи сиёҳи истеҳсоли Ҳиндустон, ки тибқи санади гирифти намуна ба озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хўроквории дастгоҳи марказии Агентӣ пешниҳод шудааст, муайян карда шуд, ки  намунаи чойи сиёҳи пешниҳодгардида аз рўи нишондоди сифат (таркиби моддаҳои фаъоли тезҳалшаванда дар об) ба талаботи ҳуҷҷати меъёрӣ – ГОСТ 32573-2013 «Чойи сиёҳ. Шартҳои техникӣ» мутобиқ нест.

Бо назардошти ин, дар ҳамкорӣ бо намояндагони Хадамоти гумрук миқдори умумии чойи воридгардида, ки 18 000 кг-ро ташкил медод, тибқи низоми «Реэкспорт» аз қаламрави ҷумҳурӣ берун бароварда шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар самти ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифату ба саломатӣ хатарнок аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» мунтазам тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Қабули ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии талаботи ҳатмидошта-Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсеа додани фаъолияти озмоишгоҳҳои ташхисӣ ҷиҳати пешгирии воридоти маҳсулоти ғизоии пастсифат ба бозори истеъмолӣ мусоидат менамояд.

«Тоҷикстандарт» таъкид менад, аз соҳибкорону воридкунандагони маҳсулоти ғизоӣ хоҳиш менамоем, ки дар самти ворид намудани молу маҳсулот ба қаламрави мамлакат манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло нагузоранд ва ифтихору дарки баланди ватандўстӣ дошта бошанд.