Феврал 24, 2019 14:46 Asia/Dushanbe
  • Мушкили аслии вилояти Бадахшон бекорӣ аст

Сухангӯи раиси вилояти Бадахшон гуфтааст, агарчи дар ин минтақа номи шаш ҳазор нафар дар феҳристи бекорон сабт шуда, вале дар асл омори бекорони вилояти Бадахшон ба маротиб бештар аст.

Ба гузориши манобеи хабарии тоҷикӣ, Ғолиб Ниятбеков сухангӯи раиси Бадахшон гуфт: 30 дарсади ҷамъияти ин вилоят бекор ҳастанд ва имкони эҷоди кор барои ҳамаи онҳо вуҷуд надорад.

Ниятбеков гуфт, ба манзури коҳиши омори бекорӣ дар Хоруғ, сад нафар имсол дар сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун машғул ба кор шудаанд ва пешбинӣ мешавад баҳори имсол барои сад нафари дигар низ дар ин тарҳ кор эҷод шавад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли 2018 дар ин кишвар беш аз 50 ҳазор нафар бекор шиносоӣ шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки мунтақидон мегӯянд, ин омор ба эҳтимоли зиёд танҳо афродеро дар бар мегирад, ки ниҳодҳои марбутаро аз бекории худ огоҳ мекунанд, вагарна солона танҳо як миллион нафар барои касби даромад ба Русия ва Қазоқистон ва кишварҳои дигар мераванд, ки иллати муҳоҷирати ҳамаи онҳо бекорӣ ва ё даромади поин аст.