Феврал 25, 2019 09:54 Asia/Dushanbe
  • Шикоят аз шиканҷа шудани як ҷавон дар идораи пулиси шаҳри Душанбе

Волидайни Алиҷон Ашӯров, ороишгари 27-солаи ноҳияи Рӯдакӣ мегӯянд, фарзандашон ҳангоми бозгашт аз Русия дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ боздошт ва шиканҷа шудааст.

Ба гузориши сомонаи Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон, вакили мудофеъ ва волидайни Ашӯров муддаиянд, кормандони идораи пулиси шаҳри Душанбе Алиҷонро бо барқ шиканҷа карда ва иқрори иҷбории ӯ ба иттиҳоми талош барои рафтан ба Сурияро хостор шудаанд.

Моҷаро замоне оғоз шуд, ки ҳангоми кор дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия фарде бо Алиҷон Ашӯров тамос гирифта ва хостори рафтани ӯ ба Сурия шуда, аммо ин ороишгари тоҷик ба фарди тамосгиранда посухи манфӣ додааст. Фардои он рӯз кормандони идораи интизомии ин шаҳр ба Алиҷон Ашӯров эълом мекунанд, ки ба дархости Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вай ҳамроҳи хонаводааш аз Русия ихроҷ мешавад ва бояд ба кишвараш бозгардад. Ҳарчанд ин кормандон ҳангоми бозрасӣ дар маҳалли кор ва иқомати ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳеҷ навъ шавоҳид ва мадорики иртиботи вай бо гурӯҳҳои ифротиро ба даст наовардаанд, аммо иқдом ба ихроҷаш мекунанд.

Акнун волидайн ва вакили мудофеи Алиҷон Ашӯров бо ирсоли номаҳое ба раисҷумҳур, додситони кул, вазирони адлия ва корҳои дохилии Тоҷикистон расидагӣ ба ин моҷароро хостор шудаанд, аммо то ба ҳол посухе дарёфт накардаанд. Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтаанд, мунтазири дарёфти натоиҷи ташхиси пизишки қонунӣ (ташхиси тиббӣ-судӣ) дар бораи шикояти волидайн ва вакили мудофеи Алиҷон Ашӯров мабнӣ бар шиканҷа шудани вай ҳастанд.

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки як созмони ғайридавлатӣ аст, ҳамвора аз шиканҷа шудани боздоштшудагон дар ин кишвар гузориш мунташир мекунад, аммо мақомоти расмӣ талош мекунанд, ин иддаоҳоро рад намоянд.