Феврал 25, 2019 10:14 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург дар Тоҷикистон марокизи ҷазби коргар ифтитоҳ мекунанд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербурги Русия эълом кардаанд, барои ҷазби ҳазор коргар ҷиҳати кор дар ширкатҳои дувумин шаҳри бузурги Русия дар дохили Тоҷикистон марокизи гузиниши коргар эҷод хоҳанд кард.

Ба гузориши “Спутник”, Маркази нерӯи кори шаҳри Санкт-Петербурги Русия эълом кардааст, барои ин манзур 4 марказ дар дохили Тоҷикистон ифтитоҳ хоҳад шуд, ки тайи панҷ моҳ беш аз ҳазор коргари тоҷикро барои фаъолият дар ширкатҳои ин шаҳр гузиниш хоҳад кард. Шарти аслии эъзоми ин теъдод коргари тоҷик ба Русия донистани забони русӣ ва ошноӣ бо қавонини муҳоҷират ва кор дар ин кишвар унвон шудааст. Ҳазинаи ҷазб ва эъзоми ин теъдод коргар низ наздик ба 6 миллион рубл эълом шудааст.

Бо ин ҳол, иқтисоддонон мегӯянд, ки дар сурати ҷазби ин теъдод коргари тоҷик барои ширкатҳои шаҳри Санкт-Петербург ин афрод метавонанд ба буҷаи шаҳрдорӣ 18 миллион рубл даромади молӣ оранд. Аз сӯйи дигар Валентина Казакова, сарпарасти Хадамоти муҳоҷират дар Вазорати кишвари Русия эълом кардааст, ки тайи соли 2018 даромади ҳосила аз фурӯши муҷаввизи кор барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ин кишвар ба 57 миллиард рубл расидааст. Ӯ теъдоди муҷаввизҳои фурӯхташудаи кор ба ин афродро дар соли 2018 як миллиону 700 ҳазор унвон кардааст.

Қаблан Сергей Собянин шаҳрдори Маскав, пойтахти Русия гуфта буд, ки дар соли 2018 аз ҳисоби фурӯши муҷаввизи кор барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ маблағи 17 миллиард рубл ба буҷаи ин шаҳр ворез шудааст, ки бештар аз даромади ширкатҳои нафтӣ будааст.