Феврал 25, 2019 11:32 Asia/Dushanbe
  • Панҷ аломати наздик шудани баҳор дар Тоҷикистон (акс)

Бо вуҷуди ин ки то фаро расидани соли нав ва Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон беш аз се ҳафта боқӣ мондааст, аммо 5 аломат нишон медиҳад, ки фасли баҳор дар ин кишвар наздик аст.

Ба гузориши “Азия плюс”, дар бозорҳои шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон фурӯши суманак оғоз шудааст, ки қимати ҳар килои он аз 35 то 40 сомонӣ аст ва харидорони зиёде дорад. Аломати дувум пайдоиши гулҳои лола барои фурӯш дар гулфурӯшиҳост, ки баёнгари наздик шудани фасли баҳор ба ҳисоб меояд.

Аломати сеюми наздик шудани фасли баҳор равнақ гирифтани фурӯши самбӯсаҳои гиёҳӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе аст. Аломати чаҳорум шукуфа задани дарахтони бодом дар манотиқи гарм, ҷануби Тоҷикистон аст, ки дар нимаи моҳи феврал дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон мушоҳида шудааст, ҳарчанд дар шимол ва маркази Тоҷикистон дарахтони бодом ва зардолу дар рӯзҳои Ҷашни Наврӯз шукуфа мезананд. Аломати панҷуми наздик шудани фасли баҳор дар Тоҷикистон ҳам оғози фурӯши ниҳол, гулу гиёҳи тазйинӣ дар бозорҳои ин кишвар аст, ки мавриди истиқболи мардум қарор гирифтааст.

 

Барчасп