Сентябр 15, 2016 12:41 Asia/Dushanbe
  • Кашфи шаҳри қадимии Кӯшониён дар Тоҷикистон

Бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, воқеъ дар 85-километрии пойтахти ин кишвар бозмондаҳои як шаҳри қадимии мутааллиқ ба давраи империяи Кӯшониёнро кашф кардаанд.

Бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, воқеъ дар 85-километрии пойтахти ин кишвар харобаҳои як шаҳри қадимии мутааллиқ ба давраи империяи Кӯшониёнро кашф кардаанд. Ин бостоншиносон дар тозатарин ҷустуҷӯҳои худ дар ин макон муҷассамаи кӯчаки як модар, ки кӯдакеро дар оғӯш гирифта ва бо дасташ сари кӯдаки дигареро навозиш мекунад, пайдо карданд, ки ба гуфтаи онон, ба замони Кӯшониён рост меояд. Бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчунин тай ду ҳафтаи ахир аз ин макон, ки ба унвони шаҳри қадимии Кӯшониён ном мебаранд, даҳҳо ашёи таърихии он замонро аз зери хок берун овардаанд.

Шаҳри қадимии Кӯшониён дар баландии теппае қарор дорад ва бостоншиносон дар ҳоли ҳозир тавонистаанд дар ин макон ду манзили маскуниро низ мушаххас кунанд. Давлатхоҷа Довудӣ, раиси Раёсати бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ин замина гуфтааст, ковишҳои анҷомшуда нишон медиҳад, ки дар рӯйи он теппа яке аз шаҳрҳои бузурги тиҷории Кӯшониён вуҷуд доштааст. Ба гуфта вай, то кунун аз ин макон сиккаҳо ва муҷассамаҳои кӯчак, ҷомҳои оҳанин, косаҳои гилӣ, лавозими ороишӣ аз зер хок пайдо шудаанд, ки ба замони Кӯшониён тааллуқ доранд. Ҳамчунин аз ин шаҳри қадимӣ ду хуми бузург кашф шудааст, ки ба гуфтаи бостоншиносон, кӯшониҳо зоҳиран аз онҳо барои сард нигоҳ доштани об истифода мекардаанд.

Империяи Кӯшониён силсилаи қадимие аст, ки тақрибан дар қарнҳои 1 то 3-и милодӣ вуҷуд дошта, сарзаминҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон, Ҳинди Шимолӣ ва Туркистони Шарқиро дар бар мегирифтааст. Тайи даҳаҳои ахир дар Тоҷикистон чандин шаҳри қадимии монанди ин шаҳр кашф шудааст, ки метавонанд гувоҳ ба тамаддуни куҳани тоҷикон бошанд.

 

Барчасп