Феврал 26, 2019 14:24 Asia/Dushanbe
  • Сарозер шудани 9 усто дар бинои масҷиди марказии Тоҷикистон

Ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар боми гунбази масҷиди марказӣ дар шаҳри Душанбе 9 коргар аз баландии 60 метр ба замин сарозер шуданд.

Ба нақл аз Спутник, ҳангоми кор зинапояи зери пои ин коргарон шикастааст ва коргарон аз баландии 60 метр ба замин сарозер шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир, 8 нафари онҳо бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол ёфтаанд.

Манбаъ меафзояд, як нафар аз онҳо ҷароҳати сангине барнадоштааст.

Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар кӯчаи Низомии Ганҷавӣдар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда ва аз соли 2009 сохти он оғоз шудааст.

Тарҳи масҷидро меъморони Тоҷикистону Қатар омода кардаанд ва он аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва гумбази 47 метра ташкил шудааст.

Барои бунёди ин масҷид, ки бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд, дар умум беш аз 100 миллион доллар сарф мешавад, ки беш аз 70 миллион долларашро Қатар медиҳад.