Чашми умеди буҷаи 2019 –и Тоҷикистон ба кумаки молии хориҷӣ
Вазорати молияи Тоҷикистон умедвор аст, ки имсол барои таъмини буҷаи давлати ин кишвар битавонад кумакҳои молии хориҷӣ дарёфт кунад.
Ба гузориши сомонаи ин вазоратхона, қаблан ҳамасола то 400 миллион сомонӣ барои ҳимоят аз буҷаи давлати Тоҷикистон дарёфт мешуд, ки касри буҷаро ҷуброн мекард.
Ин дар ҳолест, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар гузорише эълом карда буд, ки дар соли 2019 тамоми шарикони Барномаи рушди Тоҷикистон то замони ба тавофуқ расидани ҳукумати ин кишвар бо Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП), ҳимоят аз буҷаи давлати ин ҷумҳуриро мутаваққиф кардаанд.
Аммо масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯянд, ин кишвар бештар аз 17 шарти ин ниҳоди молии байналмилалиро барои дарёфти вом иҷро кардааст.
Онҳо умедворанд, ки чаҳорум то ҳафдаҳуми марти имсол, ки ҳайате аз СБП барои музокира бо мақомоти Тоҷикистон ба Душанбе меояд, ин ниҳоди молӣ барои ҳимоят аз буҷаи давлат кумакҳоеро ихтисос диҳад.
Манобеи Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз 5 сол аст бо СБП барои дарёфти 500 миллион доллар вом музокира доранд.
Аммо ахиран эълом шуд, ки ба эҳтимоли зиёд бо ихтисоси 220 миллион доллар вом аз сӯйи СБП мувофиқат хоҳад шуд.
Аз сӯйи дигар, бештари иқтисоддонони тоҷик бо таъкид бар зарурати амалӣ шудани шартҳои Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳои молии байналмилалӣ барои беҳбуди авзои иқтисоди Тоҷикистон муътақиданд, давлат бояд барои дарёфти вомҳо ва эътибороти ҷадид дар низоми бонкӣ, молӣ, молиётӣ ва эътои тасҳилот бештар ба бахши хусусӣ даст ба ислоҳоти густурда бизанад.