Афзоиши қимати орд дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i42047-Афзоиши_қимати_орд_дар_Тоҷикистон
Қимати орди бокайфияти олӣ дар бозорҳои Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 27, 2019 11:24 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати орд дар Тоҷикистон

Қимати орди бокайфияти олӣ дар бозорҳои Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши Азия плюс, дар ду моҳи ахир қимати орд дар бозорҳои Тоҷикистон 4,6 дарсад гаронтар шудааст.

Бар асоси эъломи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, ҳамакнун қимати як кило орди бокайфияти олӣ ҳудуди 4 сомонӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки як моҳ пеш қимати ин колои роҳбурдӣ 3,43 сомонӣ буд.

Орди мавриди ниёзи Тоҷикистон бештар аз Қазоқистон таъмин мешавад.

Коршиносон яке аз иллатҳои афзоиши қимати ордро гаронии ин маҳсул дар Қазоқистон ва низ коҳиши тавлиди гандум дар Тоҷикистон медонанд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон 14,6 дарсад камтар аз соли 2017 гандум бардошт шудааст.