Оғози додгоҳи корманди ҳиҷобпуши ихроҷшудаи донишгоҳи тиббӣ дар Душанбе
(last modified Thu, 28 Feb 2019 04:52:33 GMT )
Феврал 28, 2019 09:52 Asia/Dushanbe
  • Оғози додгоҳи корманди ҳиҷобпуши ихроҷшудаи донишгоҳи тиббӣ дар Душанбе

Малика Сангинова, китобдори собиқи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки моҳе пеш аз кор ронда шуд, маъмурияти ин мактаби олиро барои беасос аз кор ронданаш ба додгоҳ кашидааст.

Ба нақл аз Каниюз, мақомоти донишгоҳ мегӯянд, ки Сангиноваро, ки 8 сол китобдор буд, барио вайрон кардани қоидаҳо рондаанд. Дар матни хулосаи Комиссияи ахлоқ ва одоби муоширати Донишгоҳи тиббӣ, ки рафтори Малика Сангиноваро муҳокима кардааст, навишта шудааст, ки "Сангинова дар Фейсбук аз маҳдуд шудани идгардаки кӯдакон интиқод карда ва суол гузоштааст, ки чаро барои соли нав дар мактабҳо маблағ ҷамъ мекунанд?" Малика Сангинова мегӯяд, сабаби дигари аз кор ронданаш ин буд, ки бо вуҷуди талаби маъмурият бо рӯймол ба кор меомад.

​Малика Сангинова иддао дорад, ки ӯро ба хотири пӯшидани рӯймол ва изҳори назар дар Фейсбук аз кор пеш карданд. Ӯ ҳашт соли охир китобдори донишгоҳ буд. Вале масъулони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон далели аз кор гирифтани Сангиноваро "рафтори нохуби ӯ"гуфтанд.

Баҳси додгоҳии Малика Сангинова бо мақомоти Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон рӯзи 26-уми феврал дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт оғоз шуд. Сангиноваи 50-сола масъулони Донишгоҳи тиббиро муттаҳам кард, ки ӯро "беасос" аз кор ронданд.

Ӯ гуфт, чаҳор сол боз барои пӯшидани рӯймол зери фишори масъулони донишгоҳ буд, аммо аз раъяш нагашт ва рӯймолро аз сар нагирифт. Тахмин мезанад, ки маҳз ҳамин масъала ӯро бекор гузошт.

Сангинова афзуд, инчунин, ӯро ба хотири нигоштаҳояш дар шабакаи Фейсбук дар донишгоҳ чанд дафъа муҳокима карда, огоҳӣ додаанд. "Ба ман гуфтанд, ки "дар Фейсбук дар бораи донишгоҳ гапҳои ганда навиштӣ". Саҳифаи маро кушоданд, ки маводи диниро бознашр кардаам. Фишор оварданд, ки аризаатро навису рав, ё туро пеш мекунем,” – нақл кард ӯ.

Ин корманди ҳамакнун собиқи Донишгоҳи тиббӣ мегӯяд, барои пӯшидани рӯймол низ ду дафъа аз тарафи Комиссияи ахлоқи донишгоҳ муҳокима шудааст. Ӯ афзуд, «гуфтанд, ки гӯиё либоси ман ба талаботи либоси миллӣ ҷавобгӯ нест ва ман рӯймол набандам. Аз онҳо пурсидам, ки «кадоме аз шумо либоси миллӣ доред, то ибрат гираму ҳамонро ба бар кунам?» - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Дар нахустин рӯзи мурофиа додрас Сафарбек Нурализода ҷонибҳоро ба мусолиҳа даъват кард. Зоҳиран Малика Сангинова бо Донишгоҳ ба мусолиҳа нарасиданд ва идомаи баҳс ба ҳафтаи оянда гузошта шуд.