Мушкилоти танзими раванди муҳоҷират дар Тоҷикистон
Раиси сандуқи “Муҳоҷират дар қарни 21” дар Русия ва муовини собиқи раиси хадамоти муҳоҷирати ин кишвар муътақид аст, ки танзими раванди эъзоми коргари муҳоҷири тоҷик дар Тоҷикистон ба хориҷ кори душворе аст.
Ба нақл аз Спутник, Вичслав Паставин гуфтааст, ки бар асоси омори 2018 тоҷикон аз нигоҳи теъдоди дарёфти шаҳрвандии Русия дар мақоми нахуст қарор гирифта ва аз Украина пешӣ гирифтаанд.
Ба гуфтаи вай, акнун украиниҳо имкони рафтан барои кор ба Аврупоро пайдо кардаанд, аммо тоҷикон маҷбуранд, Русияро интихоб кунанд.
Чун ҳамасола байни 40 то 60 ҳазор нафар нерӯи ҷавон, омодаи вуруд ба бозори кори Тоҷикистон ҳастанд, аммо амалан дар дохили ин кишвар иштиғолзоӣ барои ин теъдод афрод ғайримумкин аст.
Вай таъкид мекунад, ки коргарони муҳоҷири покистонӣ ва бангладешӣ дар саноеи нафти кишварҳои Ховари Миёна барои худ ҷои кор пайдо кардаанд. Аммо барои коргарони муҳоҷири тоҷик пайдо кардани ҷои кор дар Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон маҳдуд аст.
Аз ин рӯ дар ин шароит танҳо Русия аст, ки миллионҳо коргари муҳоҷири тоҷикро мепазирад.