Март 01, 2019 20:58 Asia/Dushanbe
  • Сафари қарибулвуқуи раиси ҷумҳурии Тотористон ба Тоҷикистон

Рустам Миниханов, раиси ҷумҳурии Тотористон ба зудӣ аз Тоҷикистон дидан мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Тотор-Инфо, дар ҷараёни мулоқоти дирӯзи Миниханов бо Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия эълом шуд, ки раиси ҷумҳурии Тотористон тайи рӯзҳои 19-20 март ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Лилия Галимова, намояндаи ҳукумати ҷумҳурии худмухтори Тотористон дар робита бо сафари Рустам Миниханов гуфт, қарор аст дар ҷараёни ин сафар барномаҳои мутааддиди ҳамкории дуҷониба ва минтақаӣ амалӣ шавад.

Ба гуфтаи хонум Галимова, Тотористон ба дунболи бозорҳои ҷадид барои арзаи маҳсулоти тавлидшуда дар ин минтақа дар бахшҳои мошинсозӣ ва петрошимӣ аст.

Вай афзуд, аз ин тариқ мо умедвор ба афзоиши сатҳи мубодилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистон ҳастем.

 

Барчасп