Март 02, 2019 17:33 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 58 миллиондолларии билоивази Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

Ҳайати мудираи Бонки Ҷаҳонӣ дар сафар ба Тоҷикистон барои ислоҳи обрасонӣ ба манотиқи рустоии ин кишвар, 58 миллион доллар қарзи билоиваз дар назар гирифтанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бо иҷрои ин тарҳ беш аз 400 ҳазор нафар дастрасӣ ба оби ошомидании солим пайдо мекунанд ва дар ҳудуди 200 мактаб ва муассисаи пизишкӣ низ имконоти беҳдоштӣ, эҷод ва ё бозсозӣ мешавад.

Бино бар таҳқиқоти суратгирифта дар соли 2016 танҳо 36 дарсад аз хонворҳои рустоии Тоҷикистон ба оби ошомидании солим дастрасӣ доштанд, ки ин шохис дар манотиқи шаҳрӣ 87 дарсад баровард шудааст.

Ҳамчунин бисёре аз мактабҳои рустоӣ аз манобеи молии лозим барои таъмини ниёзҳои беҳдоштӣ маҳрум ҳастанд.

Танҳо ниме аз мактабҳои рустоӣ ба шабакаи оби нушокии солим дастрасӣ доранд ва ҳудуди 60 дарсади мактабҳос аз туалетҳои қадимии заминӣ истифода мекунанд.

Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 16 тарҳро дар дасти иҷро дорад, ки арзиши ин тарҳҳо 625 миллион доллар аст.

 

 

Барчасп