Март 03, 2019 09:55 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи гузаргоҳии нави марзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон

Ҳабдаҳумин гузаргоҳи марзии миёни Тоҷикистон ва Узбакистон бо ҳузури мақомоти марзбонии ин ду кишвар ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши хабаргузори давлатии Ховар, Муҳаммад Улуғхоҷаев сухангӯи неруи марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, ки ин гузаргоҳи марзӣ миёни ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон ва минтақаи Узуни Узбакистон барои рафтуомади мусофирон ва васоили нақлияи умумӣ рӯзи дувуми марти соли ҷорӣ ифтитоҳ шуд.

Вай таъкид кардааст, ки ин гузаргоҳи марзӣ дар даврони ҳукумати Шӯравӣ сохта шуда ва солҳои охир ба далели равобити сарди Тоҷикистон ва Узбакистон баста шуда буд, ки акнун пас аз бозсозӣ ва насби таҷҳизоти ҷадид замина истифодаи дигарбораи аз он фароҳам шуд.

Дар маросиме, ки ба ин муносибат баргузор шуд, генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ фармондеҳи неруи марзбонии Тоҷикистон ва генерал Руслан Мирзоев ҳамтои узбакистонии вай ширкат ва бар зарурати ҳамкории ниҳодҳои марзбонии ду кишвар ва аҳамияти ифтитоҳи гузаргоҳи ҷадиди марзӣ таъкид карданд.

Тавофуқ дар бора ифтитоҳи ин гузаргоҳи марзӣ дар ҷараёни дидори Эмомалӣ Раҳмон бо шавкат Мирзиёев раисони Ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон дар моҳи августи соли 2018 дар Тошканд ба даст омада буд. Дар ҳоли ҳозир миёни Тоҷикистон ва Узбакистон 17 гузаргоҳи марзӣ фаъолият мекунад, ки 9 гузаргоҳ аз ҷойгоҳи байналмилалӣ бархурдор аст.

Дар даврони раёсати ҷумҳурии Ислом Каримов дар Узбакистон танҳо ду гузаргоҳи марзӣ миёни ин кишвар ва Тоҷикистон фаъолият мекард, ки ҳамзамон бо нахустин сафари шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар моҳи марти соли 2018 тамоми ин гузаргоҳҳо бозгушоӣ шуданд.