Март 05, 2019 09:51 Asia/Dushanbe
  • Иддаои як созмони ҳуқуқи башар дар бораи шиканҷаи Шарофиддин Гадоев

Пажуҳишгари Созмони ҷаҳонии дидабони ҳуқуқи башар муддаӣ шуд, Шарофиддин Гадоев, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон рабуда ва шиканҷа шудааст.

Ба гузориши сомонаи “TopTJ”, Стив Свердлов гуфтааст, ки Шрофиддин Гадоев пас аз озодӣ ва бозгашт ба Аврупо ба вай эълом карда, ки дар Маскав рабуда ва ба иҷбор ба Душанбе мунтақил шудааст. Гадоев таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон ҳамарӯза таҳти фишор ва таҳдиди кормандони амниятӣ ва интизомии ин кишвар будааст.

Ба гуфтаи пажуҳишгари Созмони дидабони ҳуқуқи башар, озодии ин чеҳраи мухолифи сиёсии Ҳукумати Тоҷикистон натиҷаи талошҳои сафоратҳои Олмон ва Нидерландия дар Маскав ва Душанбе будааст. Аммо Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муддаӣ аст, ки имкони бозгашти дубораи Гадоев ба Аврупо бо афви вай аз сӯйи Додситонии кулли ин кишвар фароҳам шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пеш аз ин эълом карда буд, ки рӯзи 15-уми феврал Шрофиддин Гадоев довталабона ба ин кишвар бозгашта ва дар шуъбаи умури дохилии фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз аъмолаш ибрози пушаймонӣ кардааст. Бо ин ҳол, мухолифони сиёсии ҳукумати Душанбе навори видеоии суханони Гадоевро мунташир карданд, ки қабл аз рафтан ба Русия забт шуда ва дар он аз эҳтимоли боздошт ва интиқоли ӯ ба Тоҷикистон сухан гуфта шудааст.