Март 05, 2019 10:10 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 40 дарсади қарзи хориҷии Тоҷикистон мутааллиқ ба Чин аст

Як миллиарду 300 миллион доллар аз маҷмӯи ду миллиарду 924 миллиону 200 ҳазор доллари қарзи хориҷии Тоҷикистон мутааллиқ ба Бонки воридот ва содироти Чин аст.

Ба гузориши сомонаи Вазорати молияи Тоҷикистон, ин мизон қарзи ин кишвар ба Бонки воридоту содироти Чин баробар бо 40 дарсад аз кулли қарзи хориҷии ин кишвар аст. Ин дар ҳолест, ки дар моҳи феврали гузашта Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар ибтидои соли 2019 қарзи хориҷии ин кишвар ба беш аз 2.9 миллиард доллар расид, ки муодили 38,9 дарсади тавлиди нохолиси дохилӣ аст.

Мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2017 ба беш аз ду миллиарду 800 миллион доллар ва дар соли 2018 ба 2 миллиарду 900 миллион доллар расид. Аз сӯйи дигар бидеҳии ношӣ аз фурӯши авроқи баҳодори давлатӣ барои идомаи сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар бозорҳои байналмилалӣ 500 миллион доллар эълом шудааст. Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ 300 миллион доллар, аз Бонки Рушди Осиё 235 миллион доллар ва аз Бонки Рушди Исломӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул ҳам 235 миллион доллар бидеҳкор аст.

Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, барои бозпардохти бидеҳии хориҷии ин кишвар дар соли ҷорӣ 224 миллион доллар ихтисос хоҳад ёфт. Файзиддин Қаҳҳорзода эълом кардааст, ки мизони суди солиёнаи бозпардохти қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ба ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ аз 0,75 то 2 дарсад ва муҳлати он ҳам аз 20 то 40 сол мебошад.