Талоши Тоҷикистону Қазоқистон барои анҷоми 32 парвоз дар ҳафта
Масъулони созмонҳои ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистону Қазоқистон дар поёни музокироти дуҷониба дар Душанбе дар заминаи афзоиши парвозҳои ҳафтаӣ аз 18 парвози феълӣ ба 32 маврид ба тавофуқ расиданд.
Ба гузориши сомонаи “ТоҷикТА”, бар асоси ин тавофуқ, 4 ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ва Қазоқистон тасмим гирифтанд, ки теъдоди парвозҳои дуҷонибаро аз 18 мавриди феълӣ ба 32 маврид афзоиш диҳанд. Бар асоси ин тавофуқ, теъдоди парвозҳои миёни Душанбе ва Алмаато ба 12 парвоз дар ҳафта ба ҷойи 6 парвози феълӣ мерасад. Ҳамчунин парвозҳои миёни Душанбе ва Остонаи Қазоқистон аз 3 мавриди феълӣ ба 6 маврид расонда хоҳад шуд. Аз сӯйи дигар роҳандозии парвозҳои дуҷониба миёни шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоби Тоҷикистон ба самти шаҳрҳои Остона, Алмаато, Шимкент ва Тарози Қазоқистон барномарезӣ шудааст.
Мақомоти созмонҳои ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон ва Қазоқистон эълом карданд, ки барои истифода аз зарфияти фурудгоҳҳои ин ду ҷумҳурӣ тавонмандиҳои транзитӣ, ворид кардани ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ба манзури интиқоли ҳарчӣ бештари мусофирон иқдом хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистон дар мавсими баҳору тобистон барои интиқоли коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо парвозҳои изофӣ анҷом хоҳанд дод.