Март 05, 2019 11:06 Asia/Dushanbe
  • Ёдгор Файзов раиси вилояти Бадахшон шуд

Намояндагони маҷлиси вилояти Бадахшони Тоҷикистон Ёдгор Файзовро ба унвони раиси ин минтақа интихоб карданд.

Ба гузориши  “Азия плюс”, Ёдгор Файзов, ки аз аввали моҳи октябри соли 2018 бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба симмати кафили раиси вилояти Бадахшон мансуб шуда буд, акнун бо раъйи аксарияти намояндагони вилояти Бадахшон барои ин мақом интихоб шуд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 15-уми сентябри соли 2018, дар поёни сафари панҷрӯзаи худ ба вилояти Бадахшон ба масъулони ин вилоят як моҳ муҳлат дода буд, то назму амнияти умумиро дар ин вилоят барқарор кунанд. Вай таъкид карда буд, барои ин кор дар сурати зарурат аз нерӯҳои низомии эъзомӣ аз Душанбе низ истфода кунанд, ки ин кор  анҷом шуд ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ халъи силоҳ шуданд ва рафтуомади худравҳо бар асоси муқаррароти роҳнамоии ронандагӣ дар шаҳри Хоруғ аз сар гирифта шуд. Ҳамчунин теъдоди зиёде аз силоҳҳои ғайримуҷоз аз дасти мардум гирифта шуд ва сарони гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ бо имзои тааҳҳуди катбӣ қавл доданд, ки аз аъмоли мухталкунандаи амнияти умумӣ парҳез мекунанд. Ба дунболи ин дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Шодихони Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон, муовинони вай, раиси пулис, раиси додгоҳ ва раиси пулиси роҳнамоии ронандагӣ (БДА)-и вилояти Бадахшон, раисони пулиси шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят ва чаҳор ноҳияро барканор ва афроди дигареро ба ҷойи онон мансуб кард.

Ёдгор Файзов, ки ба муддати 25 сол дар Бунёди Оқохони Ҷаҳорум дар ин минтақа фаъолият мекард, аз сӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон ба симмати кафили раиси вилояти Бадахшон мансуб шуда буд, акнун ба унвони раиси вилояти Бадахшон интихоб шуд.