Афзоиши нархи интернет дар Тоҷикистон аз 27 март
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон, ки пойинтани суръати интернети ҷаҳонро ба муштариёнаш ироа медиҳад эълом кардааст, ки нархи интернет дар ин кишвар аз 27-уми март афзоиш меёбад.
Ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи марказӣ, нархи як мегабайт интернет дар Тоҷикистон бидуни андоз ба 50 сомонӣ ( баробар бо 5 доллар) хоҳад расид.
Афзоиши нархи истифода аз интернет дар Тоҷикистон дар ҳоле эълом шуд, ки ин кишвар оғози имсол дар радабандии ҷаҳонии суръати интернети тилифон, охирин кишвар буд ва мақоми 137-ро гирифт.
Ҳамчунин аз ин пас, қимати як дақиқа алоқаи тилифонӣ аз хориҷ ба Тоҷикистон 94 дирам (баробар бо 10 сент) ва нархи як дақиқа алоқаи тилифонӣ аз дохил ба хориҷи ин кишвар як сомонӣ хоҳад буд.
Коршиносон мегуянд, ки бо дар назар гирифтани 18 дарсад андоз ва 5 дарсад оризаҳои фаннӣ, ки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон таъин кардааст, нархи як мегабайт интернет барои ширкатҳои хадамоти интернетӣ беш аз 60 сомонӣ ( баробар бо 6 доллар) тамом хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки дар Русия нархи истифодаи номаҳдуд аз интернет барои як моҳ 10 доллар ва дар Украина 3 то 5 доллар аст.
Бар асоси гузоришҳои ширкатҳои байналмиллалии эътиборсанҷӣ, 33 дарсади аҳолии беш аз 9 миллион нафарии Тоҷикистон ба интернет ва 19 дарсад ба интернети тилифони ҳамроҳ дастарсӣ доранд.
Гуфта мешавад, ки суръати интернети тилифони ҳамроҳ дар Тоҷикистон панҷу аз сад чаҳор мегабайт дар сония аст.
Ин шохис дар Афғонистон, ки як зина болотар аз Тоҷикистон қарор дорад 5 ва панҷу аз сад шасту ҳашт мегабайт эълом шудааст.
Дар миёни кишварҳои Осиёи марказӣ, Қазоқистон бо қарор гирифтан дар радаи 85 ҷаҳонӣ мавқеъияти бартарро ба худ ихтисос дода ва баъд аз он Қирғизистон аст, ки ҷойгоҳи саду ёздаҳумин кишвари ҷаҳон дар суръати интернет аст.