Март 06, 2019 21:30 Asia/Dushanbe

Иддае аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ иддао доранд, ки фарде мавсум ба Ҷонибек Латифов ба онҳо тааҳҳуд додааст, ки ба ивази маблағ борҳои эшонро аз Русия ба Тоҷикистон интиқол медиҳад. Аммо бо дарёфти ҳаққи интиқоли ин бор, ин шаҳрванди Тоҷикистон тааҳҳудашро иҷро накардааст.

Ба ин далел, ин ҷамъ аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ бо муроҷиа ба раисҷумҳур, вазири умури дохила ва дигар мақомоти зирабти Тоҷикистон, хостори расидагии мақомоти тоҷик ба ин мавзуъ шудаанд.

Гузориши вижаи ҳамкорамон Ғафурӣ ба ин мавзуъ ихтисос дорад.