Март 07, 2019 09:48 Asia/Dushanbe
  • Баррасии густариши равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон дар Душанбе

Густариши равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон дар дидори вазири фарҳанги Тоҷикистон бо сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар дидори Шамсуддин Орумбекзода ва Ҳуҷҷатуллоҳ Фиғонӣ дар бораи роҳҳои густариши равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон баҳс ва табодули назар шуд.

Ин дидор ба муносибати поёни давраи маъмурияти Ҳуҷҷатуллоҳ Фиғонӣ ба унвони сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Вай таъкид кардааст, ки ҳатто пас аз бозгашт ба Теҳрон низ барои тақвияти равобити фарҳангии Эрон бо Тоҷикистон талош хоҳад кард.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ишора ба муштаракоти фарҳангӣ ва забонии мардуми Эрон ва Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои синамо, театр ва мусиқиро хостор шуд. Шамсуддин Орумбекзода гуфтааст, ки ҳунари синамо, театр ва мусиқии Эрон хеле пешрафта аст ва ҳунармандони Тоҷикистон хостори ошноии бештар бо таҷрибаҳои ҳамтоёни эронии хеш ва ҳамкорӣ бо онон ҳастанд.