Март 08, 2019 20:51 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти 60 дарсади занони шоғил дар Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ

Барномаи ғизо ва кишоварзии Созмони милали муттаҳид (FAO) эълом кард, ки 60 дарсади занони шоғил дар Тоҷикистон дар бахши кишоварзии ин кишвар фаъолият мекунанд.

Ба гузориши сомонаи Барномаи ғизо ва кишоварзии Созмони милали муттаҳид (FAO), дафтари намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон бо баргузории маросиме ба муносибати 8 март, рӯзи ҷаҳонии зан таъкид кардааст, ки бар асоси омори соли 2010 танҳо 13 дарсад аз занони тоҷик мудирияти ширкатҳои кишоварзиро бар уҳда доранд ва саҳми занон дар мудирияти бахши хусусӣ ва ба вижа дар манотқи  рустоӣ бояд афзоиш ёбад.

Дар ин нишаст таъкид шуд, ки ба далели авзои буҳронии иқтисоди Тоҷикистон бештари мардон барои кор ба Русия ва кишварҳои минтақа муҳоҷират мекунанд ва заҳмати хонадорӣ, тарбияти фарзандон ва таъмини манобеи маишатии хонаводаҳо бар души занон аст.

Ин дар ҳоле аст, ки ошноии занон бо фановариҳои ҷадиди тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ, заминаи таъмини амнияти ғизоӣ дар манотиқи рустоии Тоҷикистонро фароҳам хоҳад кард.

Масъулони дафтари намояндагии FAO дар Тоҷикистон, баргузории давраҳои омӯзишӣ барои занони шоғил дар манотиқи рустоии Тоҷикистон, додани вомҳои камбаҳраи банкӣ ва вогузории замин ва мошинолоти кишоварзӣ ба ширкатҳои таҳти мудирияти занон дар ин кишварро сабаби рушди тавлид ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти ғизоии мардум донистанд ва барои ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар ин замина эъломи омодагӣ карданд.

Ин маросим бо мушорикати созмонҳои умури занон ва хонавода, ниҳодҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи мадании Тоҷикистон баргузор шуд.

 

Барчасп