Оғози додгоҳи зиндониёни мазнун дар шуриши зиндони Хуҷанд
Дар боздоштгоҳи рақами 2 шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғд, муҳокимаи зиндониёни мазнун дар бурузи шуриши хунини шаби 7 ноябри соли 2018 дар зиндони рақами 3 ин шаҳр пушти дарҳои баста оғоз шуд.
Ба нақл аз сомонаи Топ ТҶ, акнун 30 зиндонии мазнун дар шуриши зиндони рақами 3 шаҳри Хуҷанд, бидуни ҳузури расонаҳои хабарӣ ва наздикони хеш пушти дарҳои баста ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҳодиса муҳокима мешаванд.
Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон пештар эълом карда буданд, ки дар ин ҳодиса 35 нафар аз ҷумла ду корманди зиндон кушта ва шумори зиёде низ захмӣ шудаанд.
Ин мақомот муддаъӣ ҳастанд, ки саркардаҳои ошуб, ки дар зиндони Хуҷанд бо ҷурмҳои терроризм ва ифротгароӣ маҳкум шуда буданд кормандони зиндонро ба шакли фаҷеъ ба қатл расонданд.
Дар пайи ошуб дар зиндони рақами 3 шаҳри Хуҷанд, Иззатуллоҳ Шарифзода раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи 23 ноябри соли 2018 пас аз 12 сол фаолият дар ин симат ва чанд масъули дигар аз мақомҳояшон барканор шуданд.
Шиддати саркуб ва теъдоди зиёди қурбониёни шуриш дар зиндони рақами 3 шаҳри Хуҷанд муҷиб шуд, ки намояндагиҳои сиёсии кишварҳои ғарбӣ дар Душанбе аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кунанд, ки ин ҳодиса ба таври ҳамаҷониба ва мунсифона баррасӣ шавад.
Шуриши хунини шаби 7 ноябри соли 2018 дар зиндони рақами 3 шаҳри Хуҷанд пурқурбонитарин ҳодиса дар низоми зиндонҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.