Камбуди доллар ва равнақи муомилоти бозори сиёҳ дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 12 Mar 2019 06:03:57 GMT )
Март 12, 2019 11:03 Asia/Dushanbe
  • Камбуди доллар ва равнақи муомилоти бозори сиёҳ дар Тоҷикистон

Камбуди доллар дар бонкҳо ва марказҳои муҷози муомилоти арзӣ дар Тоҷикистон, ки аз ибтидои соли равон оғоз шудааст муҷиби равнақи бозори сиёҳи хариду фуруши арз дар ин кишвар мешавад.

Ба нақл аз хабаргузории Азия-Плюс, дар аксари бонкҳои тиҷории Тоҷикистон гуфта мешавад, ки доллар барои фуруш дар ихтиёр надоранд ва танҳо дар бонки тиҷории  Қазоқистон дар шаҳри Душанбе метавон миқдорҳои маҳдуде доллар таҳия кард ва дигар бонкҳои тиҷорӣ танҳо ба хариди арз машғул ҳастанд.

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон дар оғози соли 2019 гуфта буданд, ки камбуди доллар амре муваққатӣ аст ва ба зудӣ ин шароит тағйир хоҳад кард. Аммо бо гузашти 72 рӯз аз оғози соли 2019 вазъият дар бозори муомилоти арзӣ дар Тоҷикистон на танҳо беҳбуд наёфта балки бадтар низ шудааст.

Мудирияти бонки тиҷории Қазоқистон дар шаҳри Душанбе танҳо 200 доллар барои ҳар муштарӣ таи як ҳафта вогузор мекунад ва дигар бонкҳои тиҷории Тоҷикистон муддаъӣ ҳастанд, ки чун коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия даромади худро ба рубл ирсол мекунанд имкони таҳияи доллар вуҷуд надорад. Аз ин ру камбуди доллар муҷиби равнақи бозори сиёҳ ва арзаи ҳар доллар ба нархи 9 сомонӣ ва 80 дирам шуда дар ҳоле, ки дар бонкҳои тиҷорӣ арзиши ҳар доллар 9 сомонӣ ва 45 дирам муқаррар шудааст.

Аммо Солеҳ Ҳамидов иқтисоддони тоҷик муътақид аст, ки далели аслии камбуди доллар дар Тоҷикистон манфибудани тарози тиҷорати хориҷии ин кишвар аст, ки имкони вуруди арз ба ин ҷумҳуриро намедиҳад. Бар асоси омори соли 2018 тарози тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 3 миллиард ба нафъи воридот будааст, ки  заминаи вуруди арз ба ин кишварро аз байн мебарад. Аз ин ру ба далели номутавозин будани содирот ва воридоти коло дар Тоҷикистон, ки воридот бештар аст, аз хориҷи кишвар арзи камтаре ворид мешавад, ки ин амр муҷиб ошуфтагӣ дар бозори муомилоти арзии ин кишвар мешавад. Ба далели ин навасонот коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия низ маҷбур мешаванд аз хариди доллар худдорӣ ва даромади худро ба рубл ба Тоҷикистон ирсол кунанд.