Паёмадҳои ногувори афзоиши нархи интернет дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 13 Mar 2019 05:48:14 GMT )
Март 13, 2019 10:48 Asia/Dushanbe
  • Паёмадҳои ногувори афзоиши нархи интернет дар Тоҷикистон

Созмони дифоъ аз ҳуқуқи масрафкунандагон дар Тоҷикистон бо интишори баёнияе тасмими Хадамоти алоқаи ин кишвар барои афзоиши нархи интернет дар ин ҷумҳурӣ аз 27 марти соли равонро иқдоми зиёнбор унвон кардааст.

Ба нақл аз хабаргузории Азия-Плюс, дар ин баёния таъкид шудааст, ки аз 27 марти соли равон дар Тоҷикистон бидуни андоз ба 50 сомонӣ баробар бо 5 доллар ва 3 сент расидани нархи як мегабайт интернет иқдоми зиёнбор буда ва манфиъатҳои молии мардуми ин кишварро таҳдид мекунад.

Ҳамчунин аз мавзеъҳои Хадамоти давлатии зидди инҳисории Тоҷикистон дар ҳимоят аз ин тасмим ба шиддат интиқод шудааст, ки ба ҷои дифоъ аз манфиъати мардуме, ки  ба ҳукумати ин кишвар андоз пардохт мекунанд, талош мешавад ин барнома тавҷеҳ гардад.

Ҳол он ки вазифаи Хадамоти давлатии зидди инҳисории Тоҷикистон эҷоди шароити рақобатӣ дар бозори ин кишвар ва фароҳам сохтани заминаи коҳиши нархҳо ва андоз мебошад.

Бо ин ҳол коршиносон муътақиданд, ки ҳатто дар минтақаҳои куҳистоние, ки ҳамаи мардум ба кампютер ва интернети тилифон дастрасӣ надоранд, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо ба унвони василаҳои иртиботии мавриди истифодаи аксари корбарон қарор мегиранд.

Аз ин ру бо афзоиши нархи интернет, корбарон тарҷеҳ медиҳанд, ки бо ирсоли паёмакҳои кутоҳ бо  WhatsАpp қаноъат кунанд.

Афзоиши нархи истифода аз интернет дар Тоҷикистон дар ҳоле эълом шуд, ки ин кишвар оғози имсол дар радабандии ҷаҳонии суръати интернети тилифон охирин кишвари ҷаҳон буд ва мақоми 137-умро ба худ ихтисос дод.

Гуфта мешавад, ки суръати интернети тилифон дар Тоҷикистон  панҷу аз сад чаҳор мегабайт дар сония аст.

Ин шохис дар Афғонистон, ки як зина болотар аз Тоҷикистон қарор дорад  панҷу аз сад шасту ҳашт мегабайнт эълом шудааст.