Март 13, 2019 15:01 Asia/Dushanbe
  • Иддаои ҷосусии як паноҳҷӯи тоҷик барои Тоҷикистон дар Аврупо

Як паноҳҷӯи тоҷик муддаӣ аст, ки маъмурият доштааст дар Аврупо барои ҳукумати Тоҷикистон ва бар зидди мухолифони ин ҳукумат, ба вижа Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломӣ ҷосусӣ кунад.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, ин шахс бо нашри видеое дар фазои маҷозӣ худро Ҷовдон Ғаюрзода Ҳусайн ва мутаваллиди шаҳристони Восеъ ва бузургшудаи шаҳристони Ҷалолуддини Балхӣ дар ҷануби Тоҷикистон муъаррифӣ ва эътироф карда замони таҳсил дар кишвари Миср ба истихдоми Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон даромадааст.

Вай мегуяд бар пояи маъмурияти додашуда ба ӯ пас аз гузарондани давраҳои вижаи амниятӣ дар шабакаи Фейсбук бо номи Абдуллоҳ Ғафуров сабти ном карда ва зимни сафар ба Олмон бо аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ, ба вижа Муҳиддини Кабирӣ раиси ин ҳизб иртибот барқарор кардааст.

Тибқи иддаои ин фард мақомоти амниятии Тоҷикистон аз ӯ хоста буданд аз фаолияти аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ дар Аврупо ва иртибототи мухолифон иттилоот ҷамъоварӣ кунад.

Иддаои ҷосусии Ҷовдон Ғаюрзода Ҳусайн барои ҳукумати Тоҷикистогн дар ҳоле матраҳ шудааст, ки ҳануз ҳеҷ манбаъи расмие ин иддаоро таъид накарда ва ҳукумати Тоҷикистон ҳам вокунише  нишон надодааст.

Пеш аз ин ҳам фарди дигаре бо номи Муҳаммадалии Расулов эълом карда буд аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон маъмури террори раҳбарони мухолифон дар Аврупо шуда ва пушаймон шуда аз ин тарҳ даст кашидааст.