Рунамоӣ аз либоси нави полиси Тоҷикистон
(last modified Thu, 14 Mar 2019 04:59:21 GMT )
Март 14, 2019 09:59 Asia/Dushanbe
  • Рунамоӣ аз либоси нави полиси Тоҷикистон

Маросими рунамоӣ аз либоси нави кормандони полиси Тоҷикистон дар китобхонаи миллии ин кишвар баргузор шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, ҳадаф аз барпоии ин маросим, ки бо ҳузури мақомоти сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои сиёсии кишварҳои хориҷӣ, ҳукумати Тоҷикистон, кормандони расонаҳои хабарӣ ва Вазорати корҳои дохилаи ин кишвар баргузор шуд, анҷоми ислоҳот дар сохтори полиси ин ҷумҳурӣ эълом шуд.

Генерал Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон таи суханоне ҳадаф аз иҷроӣ кардани барномаи ислоҳот дар низоми полиси кишварашро бо меъёрҳои байналмиллалӣ мутобиқсозии фаолияти ин ниҳод, таъмини шафофити амалкарди идораҳои интизомӣ ва таҳкими равобит бо ҷомеъа ва мардум унвон кард.

Дар ин маросим таъкид шуд, ки дар чорчуби барномаи ислоҳоти сохтори полиси Тоҷикистон, омӯзишгоҳи оташнишонӣ ва донишкадаи полис бо кумаки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва дигар ниҳодҳои байналмиллалии сохтмони Фарҳангистони Вазорати корҳои дохила эҳдос шудааст.

Дар поёни ин маросим аз либоси нави полиси Тоҷикистон рунамоӣ шуд.