Дархости донишмандони тоҷик барои коҳиши дом
(last modified 2019-03-14T05:21:46+00:00 )
Март 14, 2019 10:21 Asia/Dushanbe
  • Дархости донишмандони тоҷик барои коҳиши дом

Донишмандони пажуҳишгоҳҳои гиёҳшиносӣ, физика ва генетики вобаста ба Фарҳангистони улуми Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки ба далели кам будани чарогоҳ, хуроки дом ва заминҳои таҳти кишт дар ин кишвар бояд шумори гов, гусфанд ва буз коҳиш дода шавад.

Ба нақл аз хабаргузории Азия-Плюс, ин донишмандон гуфтаанд, ки таи солҳои ахир шоҳиди тахриби чарогоҳҳо, фарсудашудани заминҳои таҳти кишт барои хуроки дом ва аз байн рафтани манобеъи об, гиёҳони доруӣ ва ҷангалҳо ҳастанд, ки барои пешгирӣ аз идомаи ин раванд бояд шумори дом коҳиш ёбад.

Ба ақидаи донишмандон агар  ин  барнома иҷроӣ нашавад пас аз чанд даҳсола шумори тақрибан бисёре аз заминҳои таҳти кишт дар Тоҷикистон ба биёбон табдил хоҳад шуд.

Бар асоси омори расмӣ дар апрели соли 2019 дар Тоҷикистон 5 миллиону 600 ҳазор доми сабук ва 2 миллиону  400 ҳазор доми вазнин ба қайд гирифта шуда, ки ҳаҷми чарогоҳҳои ин кишвар ҳамагӣ 3 миллиону 800 ҳазор гегтар аст. Аз ин ру барои пешгирӣ аз вайрон шудани муҳити зист дар Тоҷикистон бояд ҳаҷми чарогоҳҳо бо шумори дом дар ин кишвар мутобиқ бошад ва танҳо роҳи муъассири иҷроӣ кардани ин нақша, коҳиши шумори дом мебошад.

Қурбоналӣ Партоев корманди Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мегуяд, бо вуҷуди камбуди гушт ва шир дар ин кишвар ҳукумат бояд барномаи коҳиши шумори дом ва афзоиши мурғдориро иҷроӣ кунад, то аз идомаи тахриби муҳити зист пешгирӣ шавад.