Оромиши ҳамроҳ бо нигаронӣ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i42444-Оромиши_ҳамроҳ_бо_нигаронӣ_дар_марзи_миёни_Тоҷикистон_ва_Қирғизистон
Рӯзи ҷумъа авзо дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ором гузориш шуда, вале нигаронӣ аз такрори муноқишаҳо ҳамчунон вуҷуд дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 15, 2019 12:42 Asia/Dushanbe
  • Оромиши ҳамроҳ бо нигаронӣ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Рӯзи ҷумъа авзо дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ором гузориш шуда, вале нигаронӣ аз такрори муноқишаҳо ҳамчунон вуҷуд дорад.

Ба гузориши манобеи хабарии минтақаи Осиёи Миёна оромиши эҷодшуда натиҷаи музокроти мақомоти ду кишвар дар рустоҳои Ворухи Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон буд.

Дар ҳамин замина ҳайатҳои ду кишвар таҳти сарпарастии Азим Иброҳим ва Жвниш Раззоқов, муовинони нахуствазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон ба музокироти худ идома дода ва аз мардум даъват карданд аз ҳар гуна бархурди эҳсосӣ худдорӣ кунанд.

Тибқи охирин хабарҳо то ба ҳол 2 шаҳрванди Тоҷикистон бар асари тир ва партоби санг аз қаламрави Қирғизистон кушта ва чандин нафар захмӣ шудааст.

Як пулис қирқиз низ захмӣ шуда ва ба бемористон мунтақил шудааст.

Дар ҳамин ҳол СА-News гузориш дод, имрӯз ҳайатҳои музокиракунанда тасмим гирифтанд пеш аз баррасии ҳар гуна тасвиби роҳкор барои мушаххас кардани хатҳои марз ва сохтусозҳои ҷанҷолӣ, ба баррасии сабабҳои муноқишаи рӯзҳои газашта миёни сокинони манотиқи марзӣ бипардозанд.