Март 16, 2019 18:39 Asia/Dushanbe
  • Оромиш дар марзҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Сооронбой Ҷээнбеков ҳамтои қирғизистониаш дар гуфтугӯи телефонӣ, таниши марзии ахир байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши ИРНА, дутараф дар ин гуфтугӯи телефонӣ ба тавофуқ расиданд, ки низоъ дар марз бояд аз роҳҳои мусоламатомез ҳаллу фасл шавад.

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчунин бар таҳқиқи ҳамаҷониба дар бораи ин низои марзӣ таъкид кардаанд.

Бар асоси баёнияи хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, авзо дар марзи ду кишвар ором ва таҳт контрол аст.

Ахиран даргирӣ байни мардуми рустоҳои маризи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари мавзӯи сохти роҳ дар минтақа мавриди ихтилоф, мунҷар ба кушта шудани ду тан ва захмӣ шудан 20 нафари дигар шудааст.

Ҳайати тоҷик таҳти раёсати муовини фармондори вилояти Суғд ба манзури тасбити вазъият миёни ду кишвар дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Исфара бо ҳайати қирғизистонӣ музокира кардааст.

Пештар нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо интишори баёнияе, Қирғизистонро дар бурузи низои ахир муттаҳам карда буданд.

Дар ин баёния омада буд, ки Қирғизистон бар хилофи протоколи имзо шуда ба сурати якҷониба сохти роҳи Куктош - Оқсой - Тамдиқро аз сар гирифта ва мӯҷиби даргирии сокинони рустоҳои марзӣ шудааст.

Сохти ин роҳ ба сокинони маҳаллоти қирғизнишин имкон медиҳад, ки бидуни убур аз рустои Ворухи Тоҷикистон ба қисматҳои дигари ноҳияи Ботканд дар кишварашон рафту омад кунанд. Аммо сокинон рустои Ворухи Тоҷикистон мегӯянд, дар сурати сохти ин роҳ, онҳо дигар наметавонанд ба мазори Хоҷа Ғор бираванд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд.

Бо гузашти беш аз 27 сол аз истиқлоли ин ду ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ акнун танҳо 500 километр аз хутути марзӣ миёни онҳо аломатгузорӣ шудааст.

 

Барчасп