Март 17, 2019 10:18 Asia/Dushanbe
  • Идомаи музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҳалли муноқишаҳои марзӣ

Ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон даври дувуми музокироти дуҷонибаро барои поён додан ба муноқишаи ахири марзӣ баргузор карданд.

Ба гузориши сомонаи Азия-Плюс, ҳайати Тоҷикистон ба сарпарастии Азим Иброҳим муовини нахуствазир шомили вазирони корҳои дохила, ҳамлу нақл, фармондеҳи неруи марзбонӣ ва раиси вилояти Суғд бо ҳамтоёни қирғизи худ роҳҳои поён додан ба муноқишаи охир ва бозгушои роҳҳои иртиботиро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки ин гуфтугӯҳо дар минтақаи мавсум ба "Дача" дар дохили қаламрави Қирғизистон баргузор шудааст. Аз натоиҷи ин музокирот ҳанӯз иттилооти расмӣ мунташир нашудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки роҳи иртиботии фармондории Ворух бо 32 ҳазор нафар ҷамъият бо ноҳияи Исфара ҳамчунон бастааст.

Ба далели даргирии охир дар марзи муштараки ноҳияҳои Исфара ва Ботканд, иртиботи минтақаи Ворух, ки дар дохили қаламрави Қирғизистон қарор гирифта, бо хориҷ қатъ шудааст.

Аз сӯйи дигар, вазирони корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар дидоре дар минтақаи мавриди ихтилофи ду кишвар, бар зарурати пайдо кардан ва муҷозоти омилони даргирии ахир, таъсиси коргурӯҳи муштараки таҳқиқ ва гаштзании шабонарӯзии нерӯҳои полис ба тавофуқ расидаанд.

Бар асари даргирӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон, ду сокини ноҳияи Исфара кушта ва 20 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҷониби Қирғизистон теъдоди сокинони захмии ин кишварро се нафар эълом кард.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки 472 километри он ҳанӯз аломатгузорӣ ва мушаххас нашудааст. Дар тайи беш аз 30 соли гузашта, даҳҳо маврид даргирии лафзӣ ва физикӣ миёни сокинони манотиқи марзии ду кишвар рух дода, ки теъдоде кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Бо вуҷуди раванди тӯлонии музокирот миёни Душанбе ва Бишкек ҳанӯз масоили марзӣ миёни ин ду кишвари ҳамсояи Осиёи Марказӣ ҳаллу фасл нашудааст.

 

Барчасп