Ҳамкории беҳтари Тоҷикистон ва Узбакистон дар чорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё
Устоди риштаи ховаршиносӣ дар Донишгоҳи равобити байналмилали вобаста ба вазорати умури хориҷаи Русия мӯътақид аст, ки Тоҷикистон ва Узбакистон дар чорчӯби Иттиҳодии иқтисодии АвруОсиё (Еврозес)метавонанд, ҳамкориҳои густурда ва беҳтаре дошта бошанд.
Ба гузориши сомонаи Спутник, Алексей Дундич гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ҳеҷ мушкили ҳалнашудае боқинамонда, Душанбе ва Тошканд барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ гом бармедоранд. Пас аз даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури вақти Узбакистон акнун мақомоти Душанбе ва Тошканд бисёре аз ихтилофоти даврони вайро ҳаллу фасл карданд. Ду кишвар барои идомаи такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба тавофуқ расидаанд, тамоми 17 гузаргоҳи марзиро бозгушоӣ кардаанд, шаҳрвандони ин ду ҷумҳурии ҳамсоя акнун бидуни раводид метавонанд ба муддати 30 рӯз дар кишварҳои якдигар ҳузур дошта бошанд.
Алексей Дундич мӯътақид аст, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷориии Тоҷикистон ва Узбакистон дар сурати вуруди ин ду кишвар ба Иттиҳодии иқтисодии АвруОсиё, метавонист заминаи густариши ин муносиботро фароҳам созад; Чаро, ки Тоҷикистон барои интиқоли маҳсулоти хеш ба Русия аз роҳҳои Қирғизистон ва Қазоқистон истифода мекунад, ки тӯлонӣ ва ҳазинабар мебошад.
Истифода аз таърифаҳои воҳиди гумрукӣ ва транзитӣ, ки дар миёни кишварҳои узви ин иттиҳод вуҷуд дорад метавонад, заминаи интиқоли сареътари маҳсулот, коҳиши ҳазинаҳо ва ҳаракати озодонаи сармоя ва нерӯи корро фароҳам созад, ки ба нафъи Душанбе ва Тошканд хоҳад буд.