Март 19, 2019 10:43 Asia/Dushanbe
  • Номаи модарони зиндониёни шаҳри Хуҷанд ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Шуморе аз модарони зиндониёни гумонбар ба даст доштан дар шуриши зиндони рақами 3 шаҳри Хуҷанд бо ирсоли номае ба раиси ҷумҳур, раиси Додгоҳи олӣ ва додситони кулли Тоҷикистон хостори баррасии мунсифонаи ин қазия шудаанд.

Ба нақл аз сомонаи Топ ТҶ, модарони ин 30 зиндонӣ, ки дар боздоштгоҳи рақами 2 маркази вилояти Суғд бидуни ҳузури расонаҳои хабарӣ ва наздикони хеш пушти дарҳои баста дар додгоҳ дар ҳоли муҳокима мебошанд дар ин номама, ки унвони Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳур, Шермуҳаммад Шоҳиён раиси Додгоҳи олӣ ва Юсуф Раҳмон додситони кулли Тоҷикистон навиштаанд дархост кардаанд, ки шароити ҳузури волидайн ва аъзои хонаводаҳои гумонбарон дар додгоҳ фароҳам шавад.

Ҳамчунин ин модарон дархост кардаанд, ки барои вакилони мудофеъи ҳуқуқӣ, ки хонаводаҳои зиндониёни мазнун дар бурузи шуриши хунини шаби 7 ноябри соли 2018 дар зиндони рақами 3 шаҳри Хуҷанд интихоб кардаанд. муҷаввизи ҳузур дар додгоҳ эъто гардад.

Дар пайи ошуб дар зиндони рақами 3 шаҳри Хуҷанд, Иззатуллоҳ Шарифзода раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи 23 ноябри соли 2018 пас аз 12 сол фаолият дар ин симат, ба ҳамроҳи чанд масъули дигар аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Шиддати саркуб ва теъдоди зиёди қурбониёни шуриш дар зиндони рақами 3 шаҳри Хуҷанд муҷиб шуд, ки намояндагиҳои сиёсии кишварҳои ғарбӣ дар Душанбе аз ҳуқумати Тоҷикистон дархост кунанд, ки ин ҳодиса ба таври ҳамаҷониба ва мунсифона баррасӣ шавад.

Шуриши хунини шаби 7 ноябри соли 2018 дар зиндони рақами 3 шаҳри Хуҷанд, ки муҷиби кушта шудани беш аз 25 зиндонӣ ва чанд корманди ин зиндон гардид, пурқурбонитарин ҳодиса дар низоми зиндонҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.