Март 19, 2019 11:42 Asia/Dushanbe
  • Боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Санкт-Петербург

Полиси шаҳри Санкт-Петербург теъдоде аз муҳоҷирони кории тоҷики муқими ин шаҳрро боздошт кард.

Ба нақл аз сомонаи хабарии Оперативное прикрытие , полис иллати боздошти ин афродро даргирӣ бо шаҳрвандони Узбакистон унвон кардааст.

Ҳамин манбаъи хабарӣ синну соли муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷикро аз 26 то 28 сол эълом кард ва афзудааст, таҳқиқоти полис барои ёфтани иллати даргирӣ оғоз шудааст.

Ҳануз созмонҳои марбут ба умри муҳоҷирон ва сафорати Тоҷикистон дар Русия дар бораи боздошти гуруҳе аз шаҳрвандони тоҷик вокуниш нишон надодаанд.

Ин дар ҳолест, ки таи вақтҳои ахир боздошт ва фишори мақомоти қудратӣ ба муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳрҳои мухталифи Русия ба як амри маъмулӣ табдил шудааст.

Ҳама сола  беш аз як миллион нафар аз сокинони Тоҷикистон барои анҷоми кори доимӣ ё мавсумӣ роҳии Русия мешаванд.