Даъват аз шаҳрдорони 19 шаҳри ҷаҳон барои ширкат дар барномаҳои наврӯзии Тоҷикистон
Шаҳрдори Душанбе аз 19 шаҳрдори шаҳрҳои мухталифи ҷаҳон барои ширкат дар маросими таҷлил аз иди бостонии Наврӯз дар Тоҷикистон даъват кард.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, даъватномаи Рустам Эмомалӣ ба шаҳрдорони 17 шаҳри хоҳархондаи пойтахти Тоҷикистон аз ҷумла Теҳрон ва Шерози Эрон, Лоҳури Покистон, Мазор Шарифи Афғонистон, Килоген Форти Авсртия,Санъои Яман, Лосакои Замбия, Мунасити Тунис, Роталингени Олмон, Болдори Амрико, Сант-Петербурги Русия, Мински Беларус, Урумчии Чин, Ишқободи Туркманистон, Чингдаои Чин ирсол шудааст.
Илова бар ин Рустам Эмомалӣ аз шаҳрдорони Маскав ва Тошканд низ барои ҳузур дар ин маросим даъват кардааст.
Дар майдони марказии шаҳри Душанбе дар таърихи 21 март нахустин бор дар таъирихи Тоҷикистон корноволи ҷашнӣ ба ифтихори иди бостонии Наврӯз баргузор мешавад.
Дар ин маросим 26 ҳазор ҳунарманди маҳаллӣ аз саросари Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Дар ин рӯз дар тамомии поркҳои фарҳангӣ ва тафриҳии шаҳри Душанбе ва майдонҳои шаҳр ҷашнҳои мухталиф барпо ва консерт, намоишгоҳ, озмун ва мусобиқоти гуногун роҳандозӣ мешавад.
Ҷашни аслии наврӯзӣ рӯзи 22 март дар маҳалли Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бо барномае ба номи "Ганҷи Наврӯз" баргузор мешавад.
Ҳамчунин дар маҳалли Наврӯзгоҳи пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои 24-25 март мусобиқоти куштӣ ва асбсаворӣ барпо мешавад.