Март 20, 2019 18:18 Asia/Dushanbe
  • Созмонҳои ҷаҳонии ҳуқуқи инсон : Ҳайитро аз зиндон озод кунед

9 созмони ҳомии ҳуқуқи инсон рӯзи 20 март дар як баёнияи муштарак аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки муовини раиси ҳизби дар ин кишвар мамнӯи наҳзати исломиро аз зиндон озод кунанд.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, ин созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ҳамчунин  аз ҷомиаи байналмилалӣ хостаанд, ки агар мақомоти Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи башарро ислоҳ накунанд ва Маҳмадалӣ Ҳайитро озод накунанд, нисбат ба Душанбе муҷозотҳое, аз ҷумла таҳрим барқарор кунанд.

Ин баенияи муштаракро созмонҳои Дидабони  ҳуқуқи башар, Вакилони байналмиллалӣ, Акнун озодӣ, Хонаи озодб, Бунёди чашмандози ҳуқуқи башар, Мушорикати байналмиллаӣ дар масъалаи ҳуқуқи башар, Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, Анҷумани ҳуқуқи инсони Осиёи Марказӣ ва Анҷумани муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ имзо кардаанд.

Дар ин баёния омадааст, ҳукумати Тоҷикистон бояд ба таври билофосила ва бидуни қайду шарт фаъоли сиёсии шадидан маризро, ки аз шиканҷа шикоят кардааст, озод кунад.

Ҳамсари Ҳайит ҳафтае пеш баъди аёдати ӯ дар зиндон гуфт, ки Ҳайит дар зиндон шиканҷа мешавад, то дар  баробари дурбин ба даст доштанаш дар терроризм эътироф ва роҳбарони мухолифинро маҳкум кунад.

Маҳмадалӣ Ҳайит, ки моҳи сентябри соли 2015 боздошт ва ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст, муовини раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), бузургтарин ҳизби оппозитсионии ин кишвар аст, ки фаъолияташ моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон манъ ва ба рӯйхатти созмонҳои террористӣ ворид карда шудааст.

Маҳмадалӣ Ҳайит дар боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе зиндонӣ аст.

 

Барчасп