Март 21, 2019 20:10 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Маскав сафар мекунад

Вазири дороии Русия гуфт, раиси ҷумҳури Тоҷикистон 17 апрел дар як сафари расмӣ аз Маскав боздид ва бо Владимир Путин ҳамтои руси худ мулоқот мекунад.

Ба гузориши Радиои тоҷикии Садои Хуросон, Антон Силоанев вазири дороии Русия баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасте хабарӣ аз сафари ояндаи Раҳмон ба Русия хабар дод.

Вай гуфт, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар таърихи 17  апрел дар як сафари расмӣ аз Маскав боздид ва бо Владимир Путин ҳамтои руси худ мулоқот мекунад.

Силоанев бо эъломи ин хабар афзуд, лизо зарурӣ аст тамоми мароҳили дохилии ин сафар такмил ва санадҳое, ки интизор меравад дар ҷараёни ин сафар миёни ду кишвар ба имзо бирасанд омода шавад.

Тибқи суханони Силоанев имзои ин санадҳо фурсатҳои наверо барои тавсеъаи бештари ҳамкории чандҷонибаи ду шарики стратежики Маскав ва Душанбе эҷод хоҳад кард.

Вазири дороии Русия дар сафар ба Тоҷикистон бо раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот кард. Таи ин дидор масоили марбут ба чашмандози тавсеъаи ҳамкории ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Зимни ин мулоқот ҳамчунин нақши камиссион дар умури масоили иқтисодӣ дар заминаи тақвият ва густариши ҳамкорӣ миёни ду кишвар арзёбӣ шуд.

 

Барчасп