Март 24, 2019 20:06 Asia/Dushanbe
  • Радди истеъфои нахуствазири Тоҷикистон ба далели беморӣ

Котиботи нахуствазири Тоҷикистон эҳтимоли истеъфои нахуствазири ин кишварро рад кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ховар, котиботи нахуствазири Тоҷикистон эҳтимоли истеъфои Қоҳир Расулзодаро такзиб кард ва овозаҳоро дар заминаи бемории вай беасос хонд.

Сайти Ахбор рӯзи сешанбе таи як хабар эълом карда буд, ки Қоҳир Расулзода-нахуствазири Тоҷикистон ба далели беморӣ истеъфо хоҳад кард.

 Ҳамчунин Ахбор навишт, Қоҳир Расулзодаро дарди ҷигар азият мекунад ва ба ҳамин далел ба табобат дар хориҷ аз Тоҷикистон ниёз дорад.

 Аммо котиботи нахуствазири Тоҷикистон бо радди ин овозаҳо гуфт, ки ин хабар мунҷар ба нигаронии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст.

Ҳамчунин котиботи нахуствазири Тоҷикистон эълом кард, ки ҳоли Қоҳир Расулзода хуб аст ва вай ниёз ба дармон надорад ва чун ҳамеша ба анҷоми вазифаи худ машғул аст.

 Қоҳир Расулзода 58 сол син дорад.

 Вай солҳои 2000 то 2006 вазири захираҳои оби Тоҷикистон буд. Аммо баъд аз пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 раиси вилояти Суғд таъйин шуд.

 Пас аз 7 сол раёсат бар вилояти Суғд ва баъди пирӯзии дигари Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013, Қоҳир Расулзода ҷои Оқил Оқиловро дар мақоми нахуствазирии Тоҷикистон гирифт.

 

Барчасп