Ситоди ҳуқуқи башари Эрон: Сиёсатмадорони ғарбӣ ва саҳюнистӣ аз худмеҳварӣ даст бардоранд
(last modified Sun, 24 Mar 2019 15:11:57 GMT )
Март 24, 2019 20:11 Asia/Dushanbe
  • Ситоди ҳуқуқи башари Эрон: Сиёсатмадорони ғарбӣ ва саҳюнистӣ аз худмеҳварӣ даст бардоранд

Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон мусаввабаи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал зидди Эронро номуваҷҷаҳ ва номашрӯъ донист.

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал дар тозатарин нишасти худ дар Женева, қатъномаи пешниҳодии Шветсия мабнӣ бар тамдиди маъмурияти гузоришгари вижаи Эронро барои муддати як соли дигар тасвиб кард.

Ситоди ҳуқуқи башари Эрон дар баёниае эълом кард, таъйини гузоришгари вижа барои Ҷумҳурии Исломии Эрон, ошкоро иқдоме номуваҷҷаҳ, номшрӯъ ва маҳсули найрангбозии сиёсӣ аст.

Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоия ба тахаллуфоти ошкор ва ғайри қобили чашмпӯшии гузоришгарон ишора карда ва афзудааст: Гузоришгароне, ки дар нақши муҷрии барномаҳои расонаӣ ва таблиғотии Вашингтон, Лондон, Париж ва Телавив амал мекунанд, худ гувоҳи равшане ҳастанд бар фасоди асли қазия ва ин ки дар тасвиби чунин қатъномаҳое нигаронии ҳуқуқи башарӣ матраҳ нест, балки тавтиа ва шайтанати мубтанӣ бар сиёсаткорӣ, табъиз, худбузургбинӣ ва худшефтагӣ, таҳмил ва султамеҳварӣ тасмимсозии тарроҳон будааст.

Ин баёния зимни маҳкум кардани ин иқдоми Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал, хотирнишон кардааст: Давлатҳои ғарбии содиркунандаи ин қатъномаҳо набояд фаромӯш кунанд, ки қодир нестанд бо чунин иттиҳомоте ин кишвар ва миллати бузургро лаккадор намоянд он ҳам тавассути кишварҳое, ки дар собиқаи таърихии худ одамхориро сабт ва забт кардаанд.