Март 25, 2019 11:34 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 5 дарсадии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо ИДМ

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз коҳиши 5,1 дарсадии мизони тиҷорати хориҷии ин кишвар бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) тайи ду моҳи нахусти соли 2019 хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар ин муддат Тоҷикистон бо кишварҳои узви ИДМ 334 миллиондоллар муомилоти тиҷорӣ доштааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиши 5,1 дарсадиро нишон медиҳад.

Дар ин муддат, рушди тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Арманистон ( 5,4 дарсад), ҷумҳурии Озарбойҷон (60,3%), Украина (25,7%) ва Узбакистон (17,3%) рушд доштааст. Аммо тайи ин муддат арзиши молии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Арманистон 79 ҳазору 400 доллар, ҷумҳурии Озарбойҷон 15 миллиону 600 ҳазор доллар ва Узбакистон 33 миллиону 900 ҳазор доллар эълом шудааст.

Мизони табодули маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Русия тайи ду моҳи нахусти соли ҷорӣ ба 155 миллион доллар расида ва бо Қазоқистон ба маблағи 125 миллион доллар муомилоти тиҷорӣ анҷом шудааст.

Тайи ду моҳи нахусти соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон аз хориҷ, 477 миллион доллар эълом шудааст, ки дар давраи мушобеҳи соли қабл ин шохис 475 миллион доллар буд. Дар ин муддат ҳаҷми содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба хориҷ 120 миллион доллар эълом шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 22 дарсад коҳиш ёфтааст.