Март 26, 2019 09:50 Asia/Dushanbe
  • Шикояти мардум аз набуди барқ ва сукути масъулони ширкати Барқи Тоҷик

Бо вуҷуди ваъдаи масъулони ширкати давлатии Барқи Тоҷик барои лағви маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон дар айёми Наврӯз, шикояти мардум аз набуди барқ ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, сокинони вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои марказии Тоҷикистон мегӯянд, шабҳо аз соати 11 то 6 субҳ ва рӯзҳо аз 9 субҳ то 17 аср интиқоли барқ ба хонаҳои онон қатъ мешавад.

Ҳатто дар навоҳии атрофи Душанбе - назири Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Ҳисор, ки ба пойтахти Тоҷикистон муттасил мебошанд, мардум дар шабонарӯз тайи соатҳои муайян барқ дарёфт мекунанд. Аз ин рӯ, матлаби навишташудаи рӯзноманигор Далери Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дархости истеъфои Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати давлатии Барқи Тоҷикро матраҳ кардааст, бо вокуниши зиёди корбарон рӯбарӯ шудааст.

Мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон ду сол қабл эълом карда буданд, ки маҳдудияти барқ дар ин кишвар дар фасли сармо моли таърих шудааст. Аммо дар тирамоҳи соли 2018 низ дар Тоҷикистон маҳдудият ё ҷирабандии барқ ҷорӣ шуд ва мақомоти ширкати давлатии Барқи Тоҷик ин иқдомро ба мавзӯи зарурати захирасозии оби пушти садди дар ҳоли сохти нерӯгоҳи обии Роғун муртабит карда буданд.

Ба гуфтаи онон, барои баҳрабардорӣ аз турбинаи нахусти ин нерӯгоҳ дар моҳи ноябри соли 2018 мебоист захирасозии об анҷом мешуд, аммо акнун дар мавриди ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ ба сокинони Тоҷикистон тавзеҳи расмӣ дода наме‎шавад. Аз сӯйи дигар, ахиран расонаҳо аз таваққуфи фаъолияти турбинаи нахусти нерӯгоҳи обии Роғун хабар додаанд, ки мақомоти ширкати давлатии Барқи Тоҷик мегӯянд, ин иқдом сирфан фаннӣ будааст ва ба омодагӣ ба баҳрабардорӣ аз турбинаи дувуми ин нерӯгоҳ дар моҳи апрели соли ҷорӣ иртибот дорад.

Ҳарчанд, ки Нозир Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати давлатии Барқи Тоҷик ваъда дода буд, ки бо фаро расидани ҷашни Наврӯз ҷирабандии барқ дар Тоҷикистон лағв мешавад.

 

Барчасп