Талоши Тоҷикистон барои афзоиши сақфи қарзҳои хориҷӣ ба умеди дарёфти вом
Бонки Ҷаҳонӣ эълом кардааст, Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад бо афзоиши сақфи қарзҳои хориҷии худ аз 40 дарсади феълӣ ба 60 дарсад, аз маҷмӯи маҳсулоти тавлиди нохолиси миллии ин кишвар, заминаи дарёфти вомҳои хориҷии бештарро фароҳам созад.
Дар гузориши ҷадиди Бонки Ҷаҳонӣ таъкид шудааст, дар соли гузашта (2018) мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 40 дарсад аз маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар расид ва акнун саъй мешавад ин сақф ба 60 дарсад афзоиш ёбад.
Мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардаанд, ки мизони қарзи хориҷии ин кишвар дар авоили соли 2019 ба ду миллиарду 924 миллиону 200 ҳазор доллар расидааст, ки бахши умдаи он мутааллиқ ба Бонки давлатии воридоту содироти Чин аст. Аз ин рӯ, Бонки Ҷаҳонӣ муътақид аст, ки саҳми ҳар тоҷик аз ин мизон қарзи хориҷӣ барои ҷамъияти 9 миллиону 200 ҳазор нафарии ин кишвар наздик ба 320 доллар аст.
Қаблан эълом шуда буд, ки Тоҷикистон қасд дорад барои 3 соли оянда ба мизони 776 миллион доллар кумаки хориҷӣ ҷазб кунад. Ин вомҳо ва кумакҳои билоиваз барои амалӣ кардани 43 тарҳи ҳамлунақл, 27 тарҳи энержӣ ва саноатӣ, 10 тарҳи кишоварзӣ ва обёрӣ, 5 тарҳи беҳдоштӣ ва дигар бахшҳо ҳазина хоҳад шуд. Манобеи Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, ки суди солонаи бозпардохти ин вомҳо аз 75 дарсад то 2 дарсад ва муддати онҳо низ 20 то 40 сол аст.