Дастури афзоиши қимати интернет дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст
Вазорати адлияи Тоҷикистон дастури Хадамоти давлатии зиддиинҳисории ин кишвар дар бораи афзоиши қимати интернет дар ин ҷумҳуриро аз 27 марти соли ҷорӣ ғайриқонунӣ эълом кард.
Ба гузориши сомонаи “Тоҷвик”, Вазорати адлияи Тоҷикистон эълом кардааст, ки дастури Хадамоти давлатии зиддиинҳисории ин кишвар дар бораи афзоиши қимати интернет дар ин ниҳод ба сабт нарасида ва аз ин рӯ ғайриқонунӣ аст.
Вазорати адлияи Тоҷикистон ин мавзӯро дар посух ба номаи Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои хадамоти телефони ҳамроҳи ин кишвар эълом кардааст, ки вай таҳқиқ дар бораи мизони қонунӣ будани дастури Хадамоти давлатии зиддиинҳисории ин кишвар дар хусуси афзоиши қимати интернет дар ин ҷумҳурӣ аз 27 марти соли ҷориро хостор шуда буд.
Аз ин рӯ, Вазорати адлияи Тоҷикистон эълом кардааст, ки бар асоси банди 89 –и Қонуни асноди ҳуқуқии ин кишвар бояд тамоми дастурот қабл аз иҷро шудан ба ин ниҳод ирсол шавад то расман сабт ва мутобиқати онҳо бо қонунҳои ҳуқуқии ин кишвар мавриди баррасӣ қарор гирад. Бинобарин дастури Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон дар бораи афзоиши қимати интернет дар ин ҷумҳурӣ аз 27 марти соли ҷорӣ ин мароҳилро тай накарда ва сабти ном нашудааст, пас фоқиди ваҷҳаи қонунӣ аст.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси ин дастур мебоист қимати як гигабайт интернет дар Тоҷикистон бидуни молиёт бар арзиши афзуда ба 50 сомонӣ (муодили 5 доллар) бирасад.
Афзоиши қимати истифода аз интернет дар Тоҷикистон дар ҳоле эълом шуд, ки ин кишвар оғози имсол дар радабандии ҷаҳонии суръати интернети телефони ҳамроҳ охирин кишвари ҷаҳон буд ва мақоми 137 -умро ба худ ихтисос дод.
Ҳамчунин дар сурати иҷро шудани ин дастур мебоист қимати як дақиқа муколимаи телефонӣ аз хориҷ бо Тоҷикистон 94 дирам (муодили 10 сент) ва қимати як дақиқа муколимаи телефонӣ аз дохил ба хориҷи ин кишвар як сомонӣ бирасад. Аммо ин иқдом бо вокуниши шадиди корбарони интернет дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон рӯ ба рӯ шудааст, ки ба назар мерасад Вазорати адлияи ин кишварро водор ба мавзеъгирӣ дар ин маврид кардааст.